Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мён

28 август 2025, Панҷшанбе
13
28 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Чжэ Мён баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ҷаноби Ли Чжэ Мёнро ба муносибати интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея бори дигар табрик намуданд.
Ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд. Масъалаҳои рушди минбаъдаи онҳо дар маркази диққати ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, саноатикунонӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва дигар самтҳои фарҳангиву гуманитарӣ қарор дошт.
Дар ин замина Пешвои миллат нақши созандаи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро (KOICA) дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд. Дар баробари ин, суҳбат атрофи пешбурди ҳамкориҳои судманд дар чорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Корея” сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.