Вохӯрӣ бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу
28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самтҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон, ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки пешбурди пайгиронаи он ба маҷмуи муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва рафти омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ ва вохӯрӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Русия” дар Душанбе баррасӣ шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри бисту як баргузор гардид ва ин санад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон