Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Ба муносибати Ҷашни Истиқлол фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Исфара қадр шуданд

12 сентябр 2025, Ҷумъа
17
Ба ифтихори Ҷашни 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамоиши идона ва маросими қадршиносии пешқадамони арсаи меҳнату фаъолони соҳаҳои гуногун доир гардид.
Иброз шуд, ки истиқлолу соҳибдавлатӣ барои ҳар халқу миллат роҳе ба сӯи озодӣ ва рушди ҳамаҷониба мебошад, ки дар ватани азизи мо низ ин раванд бо заҳмату талошҳои хастагинопазир ва роҳбарии муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми сарбаланди меҳан дар давраи начандон тӯлонӣ тавонист, ки низоми устувори давлатдориро бунёд намояд, пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии худро таҳким бахшад, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро соҳиб шуда, дар роҳи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор гузорад.
Таъкид шуд, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат, дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара ба таври назаррас тараққӣ кардаанд.
Зикр гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатӣ 3 нафар ҳамдиёрон – Бобохон Саидзода, Нозирҷон Ҳомидов ва Ҳакима Атохонзода бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гариданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ашхоси барӯманд, аз ҷумлаи бинокорону табибон, омӯзгорону ҳунармандон, кишоварзону фаъолзанон ва соҳибкорон намояндагони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара тақдим шуд.