Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

29 сентябр 2025, Душанбе
10

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.