Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

05 октябр 2025, Якшанбе
4


05.10.2025

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Президенти Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар намуданд.

Ҷонибҳо оид ба идомаи саъю талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ карданд.

Дар зимн Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.