Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

05 октябр 2025, Якшанбе
6
05.10.2025

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Президенти Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош арз намуда, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон ба нафъи кишвар ва мардуми он комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Сарони ду кишвар дар робита ба раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи шарикии стратегӣ ва дурнамои он ибрози андеша намуданд.

Президенти Беларус ба нақши созандаи Пешвои миллат дар ин ҷода махсус таъкид карданд.

Зимни суҳбат ҳамзамон дар робита ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.