Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

05 октябр 2025, Якшанбе
5
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар ин зимн Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати Рӯзи таваллудашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом, умри бобаракат ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат Сарони ду кишвар оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори андеша намуданд.
Сарони давлатҳо аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъда ва пайвастаи равобиту ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.