ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ПОЯИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Забон на танҳо василаи муошират, балки рамзи ҳастии миллат аст. Ҳар қавму миллат бо забони худ ҷаҳонро мешиносад, таърихи хешро нигоҳ медорад ва мероси маънавияшро ба ояндагон мерос мегузорад. Забони тоҷикӣ, ки реша дар асрҳои дур дорад, аз ҳамин гуна ганҷи гаронбаҳои фарҳангист, ки дар тӯли таърих қудрати муттаҳидсозӣ ва эҷодкории мардумро собит намудааст.
Забони тоҷикӣ бо таърихи чандҳазорсолааш дар миёни фарҳангҳои ҷаҳон мақоми вижа дорад. Ҳазорсолаҳо боз осори гаронмояи адибони бузург, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва садҳо нобиғагони сухан бо ҳамин забон офарида шудаанд. Забони тоҷикӣ воситаи баёнгари осори классикии адабиёт ва фалсафа гашта, ба хазинаи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ин забон аз маҳдудаи фарҳангии худ гузашта, ба забони илму ирфон ва маърифат табдил ёфтааст. Аз тариқи он фарҳангҳои гуногун ба ҳам пайваста, мардумони зиёде аз Ғарбу Шарқ аз андешаҳои бузургони тоҷик баҳраманд шудаанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад ва ин нишони эҳтироми баланд ба таъриху ҳувияти миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ имрӯз дар арсаҳои илм, маориф, сиёсат, фарҳанг, матбуот ва муносибатҳои расмӣ мавқеи мустаҳкам дорад.
Бо вуҷуди таъсири ҷаҳонишавӣ ва густариши забонҳои хориҷӣ, забони тоҷикӣ ҳамоно пояи воҳидсозандаи миллати мо боқӣ мемонад. Ҷавонон бештар ба омӯзишу истифодаи дурусти он рӯ меоранд, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ барои таҳқиқ ва рушди забон фаъолият мебаранд.
Барои пос доштани забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде анҷом ёфтааст, ки дар зер чанд мисол меорем:
· Қонуни вижа дар бораи забон қабул шуда, риояи он назорат мешавад ва дурусти забон танзим мегардад;
· Марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои забоншиносӣ дар таҳқиқ ва таҳияи фарҳангномаҳо, қоидаҳои имло ва луғатномаҳо саҳм доранд;
· Дар расонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ истифодаи дурусти забон зери назорат аст;
· Барномаҳои зиёди фарҳангиву илмӣ, ҳамоишҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд, ки ба боло бурдани сатҳи маърифати забондонӣ ва ҳифзи он мусоидат мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ нақши бузург дорад. Сарвари давлат забонро нишони ҳастӣ ва пояи давлатдорӣ номида, ҳамеша ба истифодаи дурусту арҷгузории он даъват менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкам шуд. Илова бар ин, Роҳбари давлат бо суханрониҳои худ ҳамеша мардумро ба арҷгузории забон раҳнамун месозад ва тавассути китобҳо ва рисолаҳои таълифкардаи худ ба ғанигардонӣ ва равнақи он саҳм мегузорад.
Бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва худшиносонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ имрӯз садои худро дар сатҳи ҷаҳонӣ низ баланд кардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҳамоишҳои сатҳи олӣ, бо забони тоҷикӣ суханронӣ намудааст. Ин амал на танҳо нишони арҷгузорӣ ба забони модарӣ, балки далели равшани эътирофи байналмилалии он ҳамчун як забони зинда ва бонуфуз мебошад.
Забони тоҷикӣ ганҷи беназири фарҳангӣ ва пояи ҳувияти миллӣ аст. Пос доштан ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ вазифаи ҳар фарди соҳибватан аст, зеро танҳо тавассути забон миллат метавонад ҳастии худро нигаҳ дорад ва ба наслҳои оянда бо ифтихор мерос бигузорад.
Ҷалилова Нуринисо, корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
