ЗАБОНИ МОДАРӢ САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ беш аз пеш рушду нумӯ менамояд.
Таъкид шуд, ки ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз тавассути забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расидаанд. Имрӯз оламиён ба он дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин ҳам мояи ифтихори ворисони тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассуми таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик ва сарвати бебаҳои он ба шумор меравад.
Ҳангоми ҳамоиш иштирокдорон оид ба бақои забони миллӣ андешаҳои хешро баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.
Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар рушди забони модарии худ ҷидду ҷаҳд намуда, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватану миллат адо намоем.
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон