Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.илалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» доир мешавад.
Инчунин 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дигар хабарҳо:
