Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09 сентябр 2025, Сешанбе
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон