Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ АГЕНТӢ

10 октябр 2025, Ҷумъа
53
10-уми октябр дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо то охири сол муайян гардиданд.

Дар ҷаласа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, муовинони директор Усмоналӣ Қурбонзода, Фирдавс Ҷалолзода, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ иштирок намуданд.


Гуфта шуд, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимӣ ва нафақа ба ҳолати якуми октябри соли 2025 мувофиқи маълумотҳои пешакии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 103,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ чор миллиарду 277,1 миллион сомонӣ ворид шуд.

Ҳамзамон, нақшаи маблағҳои андухти нафақавӣ дар ҷумҳурӣ 254 миллиону 450,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, воридоти он 266 миллиону 116,4 ҳазор сомониро ташкил кард.


Иброз гардид, ки қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда, ба чор миллиарду 159,9 миллион сомонӣ расид. Аз ҷумла, талабот барои маблағгузории нафақа дар ин давра се миллиарду 775,2 миллион сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 712,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарз вуҷуд надорад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаштуми феврали соли 2025, № 962 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз якуми сентябри соли 2025 аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа андозаи нафақаи 847 004 нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, 10 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон, индексатсия карда шуд.

Дар натиҷа, андозаи нафақаи суғуртавии 346 500 нафар аз 463,56 сомонӣ ба 509,67 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 272 705 нафар аз 584,02 сомонӣ ба 641,46 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 227 799 нафар аз 328,82 сомонӣ ба 362,71 сомонӣ баробар гардид.

Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт шуда истодааст.