Барқияи изҳори тасаллӣ ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X)
27.10.2025 шаҳри Душанбе
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари даргузашти Малика-Модар Хонуми Олиҷоҳ Сирикитро, ки умри пурбаракати худро ба хидмати Ватан ва мардуми Тайиланд бахшида буданд, боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Дар ин лаҳзаи пурдард ба Шумо, Волоҳазрат, аҳли хонаводаи воломақоми Шоҳигарӣ ва тамоми мардуми дӯсти Тайиланд изҳори ҳамдардиву таъзияи амиқи инҷонибро иброз менамоям».
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09 сентябр 2025, Сешанбе
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон