РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ
Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон, таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамояд.
Ин матлабро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни ифтитоҳи ҳамоиш, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Агентӣ баргузор гардид, баён намуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арҷгузорӣ ба ин санади муҳим таъкид намуданд, ки: «ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷонӣ, виҷдонӣ ва имонии ӯст».
Гуфта шуд, ки ҷашни Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басо азизу мукаррам аст. Зеро, маҳз истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, забони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми кишвар хатти саодату башоратро доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат карда, бисту нуҳ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодии худ саъю талош менамоянд.
Маърузачиён иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаҳои устувор гузоштанд. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи конститутсияи беҳтарин донистани шиносномаи миллати мо гардидаанд.
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
