БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД
Бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки ҳар сол миёни кормандони Агентӣ ба хотири ҷашнҳои миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронда мешаванд. Ин навбат низ бахшида ба Ҷашни 31-солагии Конститутсия мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка миёни мардону бонувон дар руҳияи баланди милливу ватанпарастӣ баргузор гаштанд, ки аз тарафи Раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ 12 даста ташкил шуд.
Тибқи натиҷагирии доварон, дар мусобиқаи шоҳмот сардори Раёсати корҳо Сайобид Қосимов ғолиб омад. Инчунин, сармутахассиси шуъбаи таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ рақами 3 Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ Диловар Қурбонов мақоми дуюмро соҳиб гашт.
Дар мусобиқаи шашка миёни бонувон мутахассиси пешбари Раёсати таъмини суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Муқаддас Халилова ҷойи аввал ва сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати корҳо Ҳанифа Бодурова ҷойи дуюмро гирифтанд.
Дар қувваозмоӣ оид ба шашка байни мардон сардори шуъбаи таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ рақами 4 Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ Наврӯз Аламзода ҷойи якумро сазовор шуда, ҷойи дуюм насиби сармутахассиси Раёсати назорати таъин ва пардохти нафақа Далер Давлатзода гардид.
Дар ҷамъомади тантанавии Рӯзи Конститутсия ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо сипосномаву мукофотҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Пеш аз тақдими ҷоизаҳо, ба ғолибони мусобиқа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки дар баробари дигар соҳаҳо рушди намудҳои гуногуни варзиш ҳам дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва барои оммавигардонии он тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Дар партави татбиқи ин ташаббусҳо, пайваста байни кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, шоҳмот ва шашка доир мегарданд.
Дигар хабарҳо:
09 сентябр 2025, Сешанбе
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон