КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАР НБО «РОҒУН»
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ як гурӯҳ кормандони Агентӣ аз рафти сохтмони иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Масъулони неругоҳ ҳайати кормандони Агентиро бо минтақаҳои сохтмон шинос карда, аз саҳми Пешвои муаззами миллат дар оғоз ва ҷараёни сохтмони неругоҳ, чи гуна баста шудани маҷрои дарёи Вахш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифтитоҳи ду агрегат ёдовар шуданд.
Иттилоъ доданд, ки бунёди ҳамаи қисматҳои Неругоҳ бо сифати баланди сохтмонӣ ва риояи тамоми талаботи бехатарию муҳандисӣ ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки НБО “Роғун” дар самти таъмини минтақаи Осиёи Марказӣ бо гидроэнергетика ва роҳкушоӣ ба пешбурди ин соҳаи афзали иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.
Кормандони Агентӣ изҳор доштанд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба рамзи ваҳдату иқтидори созандагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Онҳо аз дидани корҳои бузурги зери кӯҳҳо анҷомёфта, ки дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти бузургҳаҷм ҷой гирифтаанд, ба ваҷд омада, созандагони онро офарин гуфтанд. Инчунин, бунёди НБО “Роғун”-ро ҷиҳати пешгирии тағйирёбии офатбори иқлим ташаббуси беназири ҷаҳонӣ унвон дода, боздиду тамошои худ аз ин Неругоҳро як фоли нек арзёбӣ карданд.

