АЁДАТИ САРБОЗОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ШАҲРИ ИСФАРА
11-уми ноябри соли 2025 дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар масъулон бо афсарону сарбозони Комендатураи сарҳадии ҳарбии 0215-и Чорчинори деҳоти Ворӯх ва деҳоти Чоркӯҳ, воқеъ дар шаҳри Исфара мулоқот намуда, дастурхони идона ороста шуд.
Чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад. Дидорбинӣ бо афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо шароити буду боши онҳо чун тарбири тарғиботӣ амалӣ шуда, дар заминаи он хизматчиёни ҳарбӣ руҳбаланд ва ҳамзамон майли ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат меафзояд.
Абдураҳмон Ҳалимзод дар ибтидо бо суханҳои пурмазмуни ватандӯстона сарбозонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки хизмат намудан дар сафи Артиши миллӣ ин нангу номуси мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Номбурда зимни суханронӣ барои хизмати минбаъда ба сарбозон далерию шуҷоӣ ва ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро адо намудан, баҳри ҳифзу якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар кардан, барору комёбӣ таманно намуданд.
Ҳамзамон, бо сарбозону афсарон моҳияти афзалияти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба фароҳам овардани шароити муосири хизмат барои сарбозону афсарони содиқи Ватан фаҳмонда шуд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони далеру шуҷои шаҳри Исфара дар ҳимояи марзу буми Меҳан ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд ва мо аз ин ифтихор дорем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷасорату матонати шумо – ҷавонони қавиирода ва далеру шуҷоъ, дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон эътимоди комил доранд. Ҷавононро мебояд, ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.

