ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, бо ибтикори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чорабинии идона доир гардид.
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод иштирокдоронро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки Рӯзи Президент рамзи садоқат ба Сарвари давлат ва муҳаббат ба Ватанро дар худ таҷассум мекунад ва барои маърифати таърихи давлатдории навин, ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ ва бедории миллӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад. Сабаби ба рӯзи 16-уми ноябр рост омадани Рӯзи Президент дар Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул гардид, шакли идоракунии давлати Тоҷикистон ба ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
- Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корнамоиҳои - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст, - иброз дошт Абдураҳмон Ҳалимзод.
Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои дарпешгузоштаашон худ чунин иброз намуданд: «То он даме ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам ва барои давлатам хизмат мекунам, то он даме, ки охирин гурезаи тоҷик баргардонида нашавад, ман вазифаҳои фарзандии худро дар назди Ватанам иҷрошуда намеҳисобам».
Ба гуфтаи маърузачиён Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи нақшаҳои созандаву ояндабинона барои Ватану миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуда, унвони Пешвои миллати тоҷиконро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён низ эътироф намудаанд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои давлатӣ боз як рӯзест барои муттаҳиду сарҷамъ гардидан дар атрофи Пешвои муаззами миллати худ маҳсуб шуда, санаи таконбахш ба хотири боз ҳам ободу зебо, пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлату миллати худ мебошад.
Боиси фараҳмандӣ, сарбаландӣ, ва ифтихору номуси ҳар як фарди миллат аст, ки тоҷикон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягона ва дурустро интихоб намуданд, ки таърих дурустии ин роҳи интихобнамудаамонро дар эҳёи давлатдории навин ва таъмини заминаҳои рушду шукуфоии ҳаёти осоиштаи ҷомеа собит сохт.

