Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МАЪЛУМОТ ОИД БА РМС

14 ноябр 2025, Ҷумъа
60
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз дар реҷаи автоматӣ бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкрони инфиродӣ ва додани рақами мушаххаси суғуртавиро ба таври онлайн ба роҳ мондааст. Баъди бақайдгирии ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкоронӣ инфиродӣ дар системаи иттилоотии андоз “Равзанаи ягона” дар муҳлати 24 соат аз тарафи низоми бақайдгирии Агентӣ маълумотҳои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, соҳибкорони инфиродӣ коркард гардида, ба рақами мушаххаси суғурташавӣ таъмин мегарданд ва дар СИА “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андоз рақами мушаххаси суғурташавӣ пайдо мегардад.
Ҳамин тавр, ҳангоми чоп гардидани иқтибос барои ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон рақами мушаххаси суғурташавӣ дар он мавҷуд аст.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки бақайдгирии шахсони воқеӣ низ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз раванди куҳна ба низоми нав гузаронда шуда, аз тарафи Раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо муҳлати як рӯзи тақвимӣ ба шахсони суғурташуда “Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ” дастрас мегарданд.