Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Истифода аз барномаи Fin- Client мутамарказ намудани талаботи нафақагирон ва бо тариқи автоматӣ фармоиш намудани суратҳисоб ва корти нафақагирон

14 ноябр 2025, Ҷумъа
9
Дар партави сиёсати миллӣ ва зери роҳбарии бевоситаи сарвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ қадамҳои ҷиддие ба сӯи рақамикунонӣ ва таҳкими низоми хизматрасонӣ гузошт.
Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз барномаи Феҳристи ягонаи нафақагирон талаботи нафақагирон мутамарказ шуд, яъне қаблан аз истифодаи барномаи Acces баррасӣ мегардид, ҳоло бошад тариқи барномаи мазкур амалӣ мегардад.
Инчунин, бо истифодаи барномаи Феҳристи ягонаи нафақагирон, фармоиши суртаҳисоб ва корти пластикии нафақагирон ба таври автоматӣ роҳандозӣ шуд, ки зимни дохил намудани маълумоти нафақагир, барнома автоматӣ барои дархост намудани корт ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ирсол мегардад.
Масаълаи мазкур то ҷорӣ намудани барномаи Феҳристи ягонаи нафақагирон муҳлати дарозро талаб мекард, ки ба норозигии нафақагирон оварда мерасонд.