Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ЗАБОНОМӮЗӢ. АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ПАЙИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

18 ноябр 2025, Сешанбе
35

Дар бештари идораву корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чораҳо меандешанд. Аз ҷумла, барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Боиси зикр аст, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон ва ба ин васила омода намудани кадрҳои болаёқат мунтазам дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ниҳоят, дар партави қарори мазкур хулосае шуд, ки барои кормандони муассисаву идораҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шаванд, то дар робитаву ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо монеа эҷод нагардад.
Бале, тавре мегӯянд, “забон донӣ – ҷаҳон донӣ”. Махсусан, донистани забонҳои хориҷӣ барои мо – хизматчиёни давлатӣ, хеле зарур аст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз моҳи ноябри соли 2025 миёни кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ ва Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Агентӣ курсҳои омӯзишии забони англисиро ба роҳ мондааст.
Дар курсҳои омӯзишии забони англисӣ забоншиноси Маркази таълимии "Панҷ Ганҷ" Амира Ошурбекова дарс медиҳад, ки ба шарофати таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дарсҳоро шавқовар мегузаронад.
Бино ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар ҷумҳурии мо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Фарзи мисол роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш тамоми воситаҳои заруриро, ба монанди интернет, доска, видеопроектор, муҳайё кардааст.