Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Таъиноти кадрӣ

18 ноябр 2025, Сешанбе
7

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Узбекистон озод гардида, Насреддин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Узбекистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гадида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.