ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МО ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТ РАСИДЕМ»
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
* * *
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
* * *
Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
* * *
Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд.
* * *
Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо - тоҷикон муқаддас аст. Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад.
* * *
Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.
* * *
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ - эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
* * *
Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд.
* * *
Эҳсоси муҳаббат ба парчам ҳамон вақт умумилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо орад.
* * *
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.
* * *
Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи он шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
* * *
Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва он ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ мегардонем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем.
* * *
Итминони комил дорам, ки парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.
