Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

НАФАҚА ТАНҲО ДАР ДАСТИ ШУМО

25 ноябр 2025, Сешанбе
30
Хизматрасониеро таҳия намудем, ки зиндагии Шуморо осонтар, муносибтар ва беҳтар мегардонад
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2024) «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати махсусро ба масъалаи вусъат бахшидан ба равандҳои рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ таъкид намуда, солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.
Рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба баланд гардидани сифати зиндагии нафақагирон, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд, ки зарурати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва иқтисодиро ба миён мегузорад.
Бинобар ин, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мобилии шинохти чеҳраро омода намуда, ба таври таҷрибавӣ дар раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шуд.
Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бақайдгирии нафақагирон дар вақти воқеӣ тавассути нусхагирӣ намудани шиноснома ва шинохти чеҳра ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур хизматрасониҳоро осонтар намуда, барои тасдиқи бехавфи шахсият ёрї намояд. Пас аз бақайдгирӣ низоми муосири шинохти чеҳра (Face ID) имкон медиҳад, ки нафақагирон шахсияти худро бевосита ва дар вақти мувофиқ тасдиқ бикунад.