Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ДАР АГЕНТӢ РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОНРО ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

08 декабр 2025, Душанбе
50

8-уми декабр бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ҷамъомад, доир шуд.
Мақсад аз таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон — ба ҷомеа ва ҳар як фард расондани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф кардааст, мо низ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳида ҷашн мегирем.
Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб шуда, дар марҳалаи басо муҳими таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, ба рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт. Дар санади мазкур диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, баробарҳуқуқӣ, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, озодии сухан, виҷдон ва эътиқод эътироф шуда, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд манъ шудааст.


Дар чорабинӣ иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонд ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонда истодааст.
– Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд аст. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун аз роҳҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Барои татбиқи ин ҳадаф ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди устувори давлат маҳсуб мешаванд, – баён гардид дар ҷамъомад.


Таъкид шуд, ки ҳуқуқи инсон категорияи умумибашарӣ мебошад, ки ба шаҳрванд имкон медиҳад аз имтиёзҳо ва шароити зиндагии бехатар ва озод дар ҷомеа баҳра барад. Ҳуқуқҳои инсон аз табиати инсон сарчашма мегиранд. Онҳо дар посух ба шароити пайваста тағйирёбандаи ҷомеа ба вуҷуд меоянд ва инкишоф меёбанд. Ҳуқуқҳо аз таваллуд ба афрод тааллуқ дошта, хусусияти ҷудонашаванда доранд.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтаанд.