АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД
Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави милодӣ ба хонаи бачагонаи шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара хони идона ороста, ба ҳар хонанда туҳфаи солинавӣ супурд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба таври доимӣ новобаста аз иду айём барои дастгирию ёрии саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд, тадбирҳо андешида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд муваззаф гардидааст.
Зикр бояд кард, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тамоми ҳудуди мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Сарвари давлат баҳраманд мегарданд.


