Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

1 УМИ ИЮЛ – “РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА”

03 январ 2026, Шанбе
41

“Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ мебошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, баҳри фаъолияти бемамониат тамоми имконияту шароити арзанда фароҳам мебошад. Ҳамин аст, ки ин ниҳод яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пос доштани заҳмати кормандони соҳа, арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона, талошҳои онҳо баҳри пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин, рушди ҷомеа 25–уми декабри соли 2025, №683 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироту иловаҳо ворид кард, ки минбаъд ҳар сол 1–уми июл ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” расман таҷлил мешавад.

Ин иқдоми махсус аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Сарвари давлат сарчашма гирифта, кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки ба тақвияти иқтидори иҷтимоии давлату миллат содиқона фаъолият намоянд.

Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасодуфӣ набуда, на танҳо рӯзи ид, балки рӯзи ба ёд овардани масъулияти бузург мебошад, ки ба дӯши ҳамаи кормандони ин соҳа гузошта шудааст.

Ин санаи муборак дар ҳоле таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ вориди марҳалаи тоза мешавад. Гиромидошти заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти саҳеҳи арзишҳои милливу давлатдорӣ нақши муҳим дорад.

Ҷашни мазкур эҳсоси самимият ва муҳаббатро дар ниҳоди мардум тақвият бахшида, иттиҳоду ҳамбастагиро атрофи ғояву андешаҳои давлатмеҳварии Роҳбари кишвар пойдор нигоҳ медорад. Чунин боварӣ ва эътимоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарафманди мамлакат ба азму ирода ва тасмими кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамеша чунин иқдоми фидокоронаи роҳбарияти олии кишварро қадр карда, донишу малака, қобилияти кории худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо мегузоранд.

Ин рӯз ба тамоми кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фархунда бод!