АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ ШУД
Имрӯз, 7-уми январ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи андоз, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва КВД Бонки амонатгузории ҶТ "Амонатбонк" оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли равон ҷаласа доир гардид.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки роҳбарият ва кормандони Агентӣ давоми соли гузашта фаъолияти хешро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Аз ҷумла, ба таъкиди директори Агентӣ дар давраи мавриди назар дар соҳа тамоми шароиту имкониятҳои зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре зикр гардид, қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳолати 31-уми декабри соли гузашта панҷ миллиарду 526,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи маълумотҳои пешакии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 дарсад таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ беш аз шаш миллиард сомонӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта як миллиарду 109,9 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5,6 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як миллиарду 4,9 миллион сомонӣ афзудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Тибқи таҳлилҳо, ба ҳолати якуми январи соли равон шумораи умумии нафақагирон 877 206 нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 516 нафар (4,8 дарсад) мебошад.
Бо мақсади амалисозии саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаштуми феврали соли 2025, №962 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз якуми сентябри соли 2025 аз тарафи Агентӣ нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми даҳ дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шуд. Дар асоси Фармон андозаи нафақаҳои 847 004 нафақагире, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафақа ба чунин нишондиҳандаҳо баробар гардид:
− нафақаҳои суғуртавии 346 500 нафар аз 463,56 сомонӣ ба 509,67 сомонӣ;
− нафақаҳои меҳнатии 272 705 нафар аз 584,02 сомонӣ ба 641,46 сомонӣ;
− нафақаҳои иҷтимоии 227 799 нафар аз 328,82 сомонӣ ба 362,71 сомонӣ баробар гардид.
Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, оғоз аз моҳи сентябри соли ҷорӣ нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пурра пардохт мешавад.





