ИСФАРА. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2025 ҷамъбаст гардид
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷаласаи фаъолон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли гузашта баргузор шуд.
Дар маҷлис иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод, сардори Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд Тоҳирҷон Сулаймонзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо, намояндаҳои ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Таъкид шуд, ки мардуми меҳнаткаши шаҳри Исфара бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи ҳадафҳои давлат саҳми назаррас гузошта, дар ободонию созандагӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар охири ҷаласа вазифаҳои навбатӣ ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд.
Дигар хабарҳо:
16 декабр 2025, Сешанбе
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

