ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД
Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, ҳамоиш доир гардид.
Зимни баромади хеш Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша карда, аз сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва дар умум кулли иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти беш аз пеш эҳсос намоянд.
Тавре гуфта шуд, дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ ҳам дар арсаи сиёсат ва ҳам дар арсаи иқдисоду иҷтимоёт ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла соли 2025-ро барои мардуми сарбаланди тоҷик соли муваффақияту бурдборӣ арзёбӣ карданд. Махсусан, Роҳбари давлат ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ арзёбӣ карданд.
Муаллам аст, ки дар баробари дигар бахшои муҳими ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, аз ҷумла иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Бо назардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Роҳбари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.
Дигар хабарҳо:
16 декабр 2025, Сешанбе
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

