Хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил кард
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 5 миллиарду 682 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ 1 миллиарду 4,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пардохти нафақа 5 миллиарду 162,2 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 869 миллион сомонӣ афзудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли равон шумораи нафақагирон 877 206 нафарро ташкил дод. Шумораи нафақагирони маъюб 172 538 ҳазор нафар мебошад. Аз ҷумла,
— гурӯҳи якум 18 422 нафар;
— гурӯҳи дуюм 85 221 нафар;
— гурӯҳи сеюм 33 514 нафар;
— маъюбони аз синни кӯдакӣ то 18-сола 35 381;
— шумораи кӯдакони ятими кулл 1082 нафар;
— шумораи кӯдакони нимятим 79 205 нафар;
— шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – 13 нафар;
— шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ – 97 нафар.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар ин модда омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.