Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад

16 феврал 2026, Душанбе
35
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 239 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки калонтарин нафақагирон ду сокини мамлакатанд, ки 113 сол дошта, дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд. Нафақаи онҳо 536 сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки нафақагирони аз садсола боло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар, вилояти Суғд- 37 нафар, вилояти Хатлон - 103 нафар, шаҳри Душанбе - 13 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин нафарон ҳар сол кумакпулиҳо расонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз намуданд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».
Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст. Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус ба пиронсолон мебошад. Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.