Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

16 феврал 2026, Душанбе
12

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида барои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.