АРТИШИ МИЛЛӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА
Ин нукта дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа доир шуд, баён гардид.
![]()
![]()
![]()
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро табрику таҳният намуд. Номбурда зикр кард, ки агар ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, оғози бунёди он ба давраи басо мураккаб рост меояд. Баъди аз заволи шӯравӣ миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар шароити душвору ноором марҳилаи нави давлатдории худро оғоз намуд. Дар ин давра дар назди Роҳбарияти сиёсии давлат вазифаҳои басо мураккабу муҳим - ба эътидол овардани авзои сиёсӣ, муттаҳид намудани миллат, роҳ надодан ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои силоҳбадаст, пешгирии ҷинояткорӣ, нигоҳ доштан ва барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ вогузор гардида буд. Дар ин замина Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввал дарк мекард, ки иҷрои ин вазифаҳо бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруи таъминкунандаи амнияту субот амалӣ шуда наметавонад. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, аввалин қисмҳои низомӣ дар идораҳои калхозу савхоз, мактабҳои миёна ва беморхона таъсис ёфтанд.
– Дар ин давра, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари мо аз имтиҳони сангини таърих гузашт. Яъне, Артиши миллӣ барои мубориза бар зидди душманони сохти конститутсионӣ истодагарӣ карда тавонист. Батадриҷ, қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳо аз ҳудуди пойтахт ва дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда, дар мавзеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир шуданд, – иброз дошт Абдураҳмон Ҳалимзод.
Ба гуфтаи нотиқони ҷамъомад ҳамасола Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ шароити беҳтарини хизматро фароҳам оварда, бо истифода аз имкониятҳои молиявию иқтисодӣ ҷиҳати мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои заруриро меандешад.
