Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМ

24 феврал 2026, Сешанбе
42



Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентӣ ва Гурӯҳи дастгирии техникии масъалаҳои меҳнатии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ҷаласаи маҷозӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои арзёбии фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи нишондиҳандаи Ҳадафҳои рушди устувор, арзёбии имкониятҳои густариши пешниҳоди кӯмакпулиҳо оид ба ҳомиладорӣ ва таваллуд барои кормандони ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, ки ҳоло бо чунин кумакпулиҳо фаро гирифта нашудаанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таҳияи имконият ва роҳҳои фарогирии шахсони калонсоли осебпазир ба низомҳои мавҷудаи ҳифзи иҷтимоӣ низ аз мавзуҳои асосии ҷаласа буд.
Усмоналӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки масъалаҳои баррасишаванда барои кормандони Агентӣ маълумоти муҳим ва муфид буда, дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои назаррас фароҳам меорад.
Дар нишаст миёни тарафҳо мубодилаи афкор доир гардида, ба таҳкими ҳамкорӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас мусоидат хоҳад кард.