КАБУДИЗОРКУНӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 28-уми феврали соли 2026 аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи кӯҳии паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти Агентӣ сурат гирифт.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур ба беҳдошти вазъи экологӣ, тозагии муҳити зист ва зебогардонии ҳудуди канори шоҳроҳ мусоидат намуда, барои фароҳам овардани муҳити тоза замина мегузорад.
Бо мақсади таъмин намудани сабзиши босифати ниҳолҳо, масъулон уҳдадор шудаанд, ки дар фаслҳои баҳору тобистон онҳоро мунтазам обёрӣ ва нигоҳубин намоянд.
Тавре таъкид шуд, дарахтшинонӣ яке аз иқдомҳои муҳими экологӣ буда, барои ҳифзи муҳити зист, беҳтар гардидани иқлим ва зебоии диёр нақши калон дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани ифлосшавии ҳаво, шинонидани дарахтон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дарахтшинонӣ рамзи зиндагӣ, сабзӣ ва рушд аст. Ҳар як дарахти шинондашуда қадаме ба сӯи ояндаи сабз ва солим мебошад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар ҳифзи табиат саҳми арзандаи худро гузорем ва барои ободии диёр талош намоем.




