ГУЗОРИШ АЗ МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ ФОНДИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ РОССИЯ
3-юми марти соли 2026 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми директори Агентӣ Усмоналӣ Қурбонзода ва намояндаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ҷаласаи омӯзишии маҷозӣ (онлайнӣ), доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои амалисозии Шартнома байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа, аз 15-уми сентябри соли 2021 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷамъомад ҷонибҳо оид ба масъалаҳое, ки зимни таъину пардохти нафақа ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд баррасӣ намуда, таҷрибаи Фонди ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия дар самти таъмини иҷтимоӣ ва нафақа мавриди муҳокима қарор гирифт.
Баргузории чунин вохӯриҳои омӯзишӣ мувофиқи мақсад буда, барои баланд бардоштани савияи донишҳои касбии кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи хубе хоҳад буд.
Ҷонибҳо дар анҷоми вохӯрӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва самарабахш таъкид намуданд.

