Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

«МОДАР – САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО»

06 март 2026, Ҷумъа
25



Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷик мақому манзалати шоиставу сазовори худро дарёфта, бо меҳнати созанда баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бо шукӯҳи хосса таҷлил намудани Рӯзи Модар аз таваҷҷуҳу эҳтироми пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба зан – модар гувоҳӣ медиҳад.
Модар дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар як қавму миллат ҷойгоҳи хоса ва мақому манзалати бузург дорад. Дар оғози фасли баҳор таҷлил намудани ин санаи фаррухпай, яъне, Рӯзи модар, пеш аз ҳама, нишон аз сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад.
Ин нукта дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи меҳру вафо» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа доир шуд, баён гардид.
Дар чорабинии идона Барно Сайидвализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширин
Қурбонова, собиқадори меҳнат, роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок доштанд.
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, зан – модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, сафобахшандаи зиндагӣ, поягузори меҳру муҳаббат, афзояндаи садоқат ва донишу маърифат ситоиш намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда ва оғози баҳори нозанин табрику таҳният гуфта, иброз дошт:
– “Ҷашни расмӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки Пешвои миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониҳояшон ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир сохта, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, созанда, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имкониятҳои зиёд фароҳам орад".
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи модарон ва бонувони кишвар боварии комил доранд ва мақому манзалати занро дар идоракунии давлатӣ сол ба сол баланд мебардоранд. Сарвари давлат бо такя ба модарон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки ман ба неруи ақлониву зеҳнии занону модарони кишвари хеш такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу оянда ба занону модарон вобаста аст. Аз нигоҳи Роҳбари давлат, модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқу ҷавонӣ, нахустин мураббии фарзанд мебошад, – иброз дошт директори Агентӣ.
Тавре зикр шуд, Модар шахсест, ки барои баркамолии фарзанд ҳамаи дороӣ ва нозу неъмати дунёро, ки самари умраш аст, мебахшад. Осудагию хушбахтӣ ва дороии худро дар ҳастӣ ва симои фарзанди дилбандаш мебинад. Фарзандро сармояи умри ҷовидонии худ меҳисобад. Пас аз Худо офарандаи мо модар аст. Ин аст, ки ҳурмати модар қарзи ҳамаи инсонҳо маҳсуб мешавад. Тамоми хидматҳои мо агарчи ба якшаба ранҷе, ки бароямон кашидааст, намебарояд. Аммо масъулем, ки бояд сар аз хидматаш напечем.
Пас аз ироаи суханрониҳо аз тарафи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувони фаъол бо мукофотҳои хотиравии идона сарфароз гардиданд.