Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ПАЁМИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОТ

11 март 2026, Чоршанбе
17


‎‎Муҳтарам кормандони воситаҳои ахбори омма!
‎Қаламкашон ва собиқадорони матбуоти тоҷик!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 11-уми март дар кишвар Рӯзи матбуот таҷлил мешавад, ки ба шарафи аз нашр баромадани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» мебошад. Имсол аз он рӯзи фархунда дар таърихи мо 114 сол сипарӣ мегардад.

Ҳамаи шумо – кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа, аҳли қалам ва тамоми матбуотчиёни кишварро ба ифтихори санаи таърихӣ, Рӯзи матбуот самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ орзу менамоем.

Матбуот ҳамчун минбари муҳими ҷомеа дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши арзанда дорад. Воситаҳои ахбори омма дар замони муосир бо қудрати бузурги афкорсозии худ мақоми устуворро соҳиб шудаанд. Нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.

Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии мамлакат баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳими иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд.

“Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”, – ин таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф гашта, дар ҳалли саривақтии масъалаҳои барои ҷомеа мубрам бармало таъсиргузор мебошанд. Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки кормандони ВАО барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифои ҷомеа аз ин гуна таҳдидҳо бояд дар саҳфаи аввали мубориза бошанд.

Фаъолияти содиқонаи рӯзноманигорон дар инъикоси воқеият, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат бисёр муҳим ва муассир мебошад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сипоси худро ба ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории созанда ва саҳми арзанда дар муаррифии дастовардҳои соҳа изҳор менамояд. ‎‎

Боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои Шумо бо Агентӣ минбаъд низ самаранок идома хоҳад ёфт. Мо ҳамеша барои ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон омодаем.

Бигзор қалами шумо ҳамеша барои рушди ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони азиз хидмат намояд.
Саломату сарбаланд бошед!

Ид муборак, аҳли қалам!

Бо эҳтиром,
‎Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон