ТАВЗЕҲОТ
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 №96 “Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ”
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630» дар доираи идомаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади аз байн бурдани холигии фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати мукаммал намудани шартҳо ва тартиби пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоие, ки аз низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бармеоянд, истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои дастгирии иҷтимоии модару кӯдак ва ба ин васила аз байн бурдани меъёру муқаррароти ба омилҳои коррупсионӣ ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мусоидаткунанда қабул карда шудааст.
Тибқи қарори мазкур пардохти кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар сурате, ки корманд дар вақти рухсатии нигоҳубини кӯдаки аз 1,6 то 3 сола (яъне рухсатии бемузд) ба кор набаромада, варақаи корношоямии навбатиро барои рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд пешниҳод менамояд, мушаххас карда шудааст, яъне ин омил навоварӣ набуда, балки ҷиҳати аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, инчунин татбиқи ҳархелаи санади мазкур дар корхонаву ташкилотҳо ва норозигии кормандон қабул гардидааст. Зимнан қайд менамоям, ки дар ҳолати пешниҳод намудани рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти қарор доштани кормандзан дар рухсатии нигоҳубини кӯдаки то 1,6 сола, қонунгузорӣ пардохти кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллудро пешбинӣ намудааст.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630 «Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» умуман пардохти ҳамаи намуди кӯмакпулиҳои иҷтимоиро дар вақти рухсатии бемузд пешбинӣ накардааст (инчунин дар вақти рухсатии нигоҳубини кӯдаки аз 1,6 то 3 сола).
Вобаста ба ин, ҷиҳати бартараф намудани номуайянии дар боло зикршуда ба банди 36 Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630 тасдиқ гардидааст, иловаи дахлдор ворид карда шудааст, ки ҳолатҳои зикршударо ба танзим медарорад.

