Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ПАЙКИ НАВРӮЗ МЕРАСАД…

17 март 2026, Сешанбе
7

"Наврӯз ҳамчун рамзи пайванди табиату инсон, нишонаи баробар гардидани шабу рӯз ва оғози корҳои саҳроӣ дар ҷисму қалби мардуми офарандаи мо абадан макон гирифта, барои имрӯзиён чун ойини эҳёгару созанда аз қаъри асрҳо паём мерасонад".
Эмомалӣ Раҳмон

Пайки хуши Наврӯз мерасад. Наврӯзе, ки ба пешвозаш хона метаконему нав мепӯшем, то зиндагиро аз рӯзи нав оғоз кунем. Наврӯз ҳамеша ба мо навиди хуше додаву медиҳад. Наврӯзе, ки дар арафаи таҷлили он ба рӯзгори беҳтаре умед баставу ба он расидаем.

Ҳамин нияту ормонҳои нек буданд, ки, баъдтар, ба сарзамини аҷдодиамон сулҳи деринтизорамон омад ва ваҳдати миллӣ пойдор шуд. Халқи олам бо мо дӯст гашту мо бо онҳо. Дари дилҳо ба рӯи ҳам боз гаштанд, ки оғӯш ба сӯи ҳам кушодан аз рукнҳои муҳими ин ҷашни қадимии мост.

Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли басо гарони 1993, ки мамлакат дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ин нуктаро иброз доштанд:

«Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад».