Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР АГЕНТӢ ТАНТАНА ДОШТ

24 март 2026, Сешанбе
36

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми март бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангиро бо риояи суннату оини наврӯзӣ доир намуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ намоишгоҳи “Дастархони наврӯзӣ” бо хӯроку хӯришҳои анъанавии миллии тоҷикӣ ташкил шуд. Он ҷо суманаку самбӯса, себу сирко, сихкабобу ширинӣ, кулчаву қурутоб ва дигар навъҳои хӯрокҳои миллӣ рӯйи хони идонаро оро медоданд. Гирду атрофи дастархон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, рассомӣ, либосҳои миллии хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зинат ёфта буданд. 

Дар ифтитоҳи ҳамоиш директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иштирокдоронро ба муносибати иди фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза самимона шодбошу муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар сокини мамлакат хайру баракат, оромию осудагӣ ва ба аҳли башар сулҳу суботи комил орзу кард. Аз ҷумла, иброз дошт, ки мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо намуд, ки фарҳангу анъана ва арзишҳои волою муқаддаси худро эҳё сохта, сайқал диҳад. Гузашта аз ин, бо заҳмату сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамин ғановати бузурги бостонии миллат барои ҷаҳониён муаррифӣ гашта, мақому манзалати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 оид ба Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукӯҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо кард.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадими миллии мо чунин изҳори назар карда буданд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.

Таъкид шуд, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарии худро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад.
Имрӯз бо файзу қудуми Наврӯз Тоҷикистони биҳиштӣ дар фазои тантанаҳои Наврӯзу баҳори нозанин ғарқ аст. Ин файзу нусрат аз он башорат медиҳад, ки баҳори имсола дар соли ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фаровонию баракат мегардад.

Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст. Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва робитаи инсон бо табиат мебошад. Халқ ин ҷашни миллиро дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.

Дар чорабинӣ низ бар он ишора шуд, ки мақсади асосии таҷлили сатҳи баланд ва ҳадафманди Наврӯзи байналмилалӣ таҷассуми гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана, фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик буда, марҳалаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик, оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Дар идома барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, шукӯҳи ҷашни бостониро афзуд.