АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 НАТИҶАГИРӢ ШУД
Имрӯз, 8-уми апрели соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол баргузор шуд.
Дар ҷаласа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ, муовини аввали директор Усмоналӣ Қурбонзода Қурбон, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фаъолиятро дар семоҳаи якуми соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026», вазифаҳое, ки дар Паём аз 16-уми декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз тарафи Сарвари давлат баён гардиданд, корҳои муайянро ба анҷом расонда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Зикр гардид, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳолати якуми апрели соли равон беш аз 1,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи андоз 104,1 дарсад таъмин ва ба буҷети Агентӣ 1 миллиарду 708,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 332,2 миллион сомонӣ бештар мебошад. Тибқи таҳлилҳо, қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як миллиарду 486,4 миллион сомониро ташкил карда, пурра иҷро гардид.
Дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи апрели соли равон шумораи нафақагирон ба 841 043 кас расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст. Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 448,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Аз шумораи нафақагирон 164808 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба семоҳаи аввали соли сипаришуда 4299 кас кам аст. Ҳаҷми маблағи нафақаи маъюбон дар як моҳ ба 87,7 миллион сомонӣ баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, аз тарафи сохторҳои Агентӣ ба 37013 шаҳрванд нафақа таъин ва барқарор шуд.
Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории ниҳод таъкид гашт, ки давоми соли равон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фаъолияти худро тақвият бахшида, барои иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, пардохти саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин, идома додани ислоҳоти соҳа тавассути рушд ва такмили низоми қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.