Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - Юнусзода Илҳомиддин Ғафор

30 июн 2025, Душанбе
35


*Аз 21 январи соли 2026 дар мансаби сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

*Соли таваллуд 2 феврали соли 1987

*Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе

*Миллат тоҷик

 *Таҳсилот олӣ

*соли 2009 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2014 магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон (рӯзона) ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (ғоибона) хатм кардааст

*Ихтисос информатик–иқтисодчӣ, идоракунии давлатӣ, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ

*Унвони илмӣ надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад узбекӣ,русӣ, англисӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқҳаст ё не не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не ҳа бо фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 7 августи соли 2018, №1080 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст

*Вазъи оилавӣ оиладор

*Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кӯчаи Ғафур Ғулом, хонаи 12/2

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2008-2010-

Иқтисодчӣ-барномасозӣ Бонки саҳомии таҷдиду тараққиёт ва инкишофи саноати тоҷик «Тоҷпромбонк», шаҳри Душанбе

Соли 2010 (04-10) -

Мутахассиси пешбари Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2012-

Сармутахассиси бахши таҳияи махзани маълумот ва тестии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2013-

Мудири бахши таҳияи махзани маълумот ва тестии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2014-

Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Соли 2014 (07-08) -

Мудири бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2015-

Муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2023-

Сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Соли 2023 (07-09)-

Сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2023-2025-

Муовини сардори раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷрои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2025-2026-

Муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 21 январи соли 2026 то ҳоло-

Сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон