Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ГУЗОРИШ АЗ МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТ БО ҲАЙАТИ БОНКИ ОСИЁГИИ РУШД

09 апрел 2026, Панҷшанбе
45

Имрӯз директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд мулоқоти корӣ анҷом дод, ки мақсади асосӣ густариши ҳамкориҳо дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.
Дар ибтидо Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ аз ҳамкории мутақобилаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Бонки Осиёгии Рушд изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҷалби дастгирии техникию молиявӣ барои ислоҳот, рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак барои беҳтар намудани хизматрасониҳои суғуртаву нафақа муҳокима гардид.
Ҷонибҳо дар анҷоми вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самтҳои такмили инфрасохтори иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии маблағҳои суғурта ва таъмини шаффофият бештар идома диҳанд.
Изҳори бовар шуд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муваффақият ба даст оварда мешавад.