КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ ТЕША БА РЕШАИ ИН ЗУҲУРОТ ХОҲАД ЗАД
17-уми апрел дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва иттилоотонии онҳо аз оқибатҳои зарраровари коррупсия бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ капитани адлия, Абдуллозода Одил Толиб нозири калони Раёсати муқовимат бо корупсия ва капитани адлия Раҳимзода Абдураҳим Ҷамшед нозири раёсати мазкур иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, таъсири зуҳуроти коррупсия ба фаъолияти муътадили соҳаҳои гуногун, оқибатҳои даст задан ба ин кирдори номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат баррасӣ шуданд.
Зикр шуд, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб аз замонҳои гузашта то имрӯз мавриди нигаронии аҳли ҷомеа қарор дорад. Тавре борҳо таъкид шудааст, ин зуҳуроти нангин ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ расонда, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди устувори давлат буда, барои решакан кардани он ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа зарур аст. Воқеан, маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавонад заминаи боэътимод барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти номатлубро фароҳам оварад. Ин роҳнамоӣ моро водор месозад, ки дар фаъолияти худ поквиҷдонӣ, адолат ва масъулиятшиносиро дар мадди аввал гузорем.
Тоҷикистон дар ин замина бо дарки амиқи аҳамияти масъала, заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ ва институтсионалиро таъсис дода, онҳоро мунтазам такмил медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҷмуи чораҳои фарогирро барои танзими низоми манфиатҳо, ошкор ва пешгирии хатарҳои коррупсионӣ, инчунин, гузарондани экспертизаи антикоррупсиониро пешбинӣ менамоянд. Ин санадҳо дар маҷмуъ ҳамчун пояи устувори ҳуқуқӣ барои маҳдуд сохтани омилҳои коррупсионӣ хизмат мекунанд.
Абдуллозода Одил Толиб оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури зиддикоррупсионии кормандон пешгирии суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои зиддикоррупсионӣ мебошад.
Мавсуф, ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои санҷиши қаблан баргузор намудаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, оид ба иҷроишу амалисозии Нақша чорабиниҳои Стратегияи мазкур дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дод.
Тавре дар охири вохӯрӣ таъкид шуд, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо дар мавриди мубориза бо коррупсия ҷомеаро зарур аст, ки дастаҷамъона амал намояд. Дар сурати ҳамбастагии тамоми мардум муваффақ мешавем, ки сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро ошкору пешгирӣ намуда, фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти харобиоварро ба вуҷуд орем.
Дигар хабарҳо:
16 декабр 2025, Сешанбе
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

