Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАҲОИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

27 апрел 2026, Душанбе
22
27-уми апрел директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии хонум Анна Сухова вохӯрӣ намуд.
Директори Агентӣ барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии доимӣ ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос кард. Гуфта шуд, ки саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар рушди низоми миллии ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти стратегӣ дошта, бо дастгирии Бонк муяссар гардид, ки ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми баҳисобгирии инфиродӣ, рақамикунонии равандҳои таъин ва пешниҳоди пардохтҳои иҷтимоӣ, дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои иҷтимоӣ аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, зиндагии шаҳрвандон, хусусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, беҳтар гардад.
Иброз шуд, дар доираи ҳамкории судманд, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва дар раванди татбиқи лоиҳаи «Муосирсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», Агентӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ, марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин, раёсати Агентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо техникаи муосири электронӣ таъмин гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа ва рақамикунонии он саҳми назаррас хоҳад гузошт.


Бо шарофати талошҳои муштарак муяссар гардид, ки дар самти баланд бардоштани ҳадафнокии кӯмак ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд пеш равем. Ҳоло ба таҳкими минбаъдаи механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ, рушди барномаҳои шуғл барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва тавсеаи имкониятҳои онҳо таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир менамоем, ки барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд.
Ҷонибҳо иброз дошанд, ки мулоқоти имрӯза барои баррасии самтҳои нави ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ба нафъи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона хоҳад гардид. Изҳори бовар шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод саҳмгузории худро дар амалӣ намудани нақшаҳои минбаъда дар самти таъмини рушди устувори соҳа идома хоҳад дод.