Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАҲОИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР

05 май 2026, Сешанбе
13
Тибқи иҷрои дастури муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2026, №13766 (23-16) дар хусуси гуҳарондани вохӯриҳо бо ҷониби миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки аз 30 апрел то 7 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, 4 майи соли 2026 вохурии намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор бо роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар миссияи мазкур ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъорро ҷаноби Мэтю Гартнер, Роҳбари миссияи Хазинаи Байналималии Асъор вобаста ба масъалаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносони намояндагии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили арзёбии тағйироти вазъи макроиқтисодӣ, муҳокимаи дурнамои макроиқтисодӣ барои соли 2026, афзалиятҳои сиёсати миёнамуҳлати иқтисодӣ ва гузарондани машваратҳои минбаъдаи техникӣ оид ба масъалаҳои имконияти ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор суҳбатҳо анҷом дода шуд.
Вохӯрии мазкурро директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод оғоз бахшида, вобаста ба дастовардҳои Агентӣ дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 суҳбатҳо доир намуд.
Дар охири вохӯрӣ қайд шуд, ки Агентӣ тасмим дорад дар минбаъда ҷалби сармоягузориро барои пешрафти соҳа бо ҷалби шарикони рушд тақвият бахшида, ба ин васила ба нишондодҳои назаррас ноил гардад.