Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МУҚАДДАС ИБРОҲИМЗОДА БА ДАВРИ СЕЮМИ «ШОҲНОМАХОНӢ» РОҲХАТ ГИРИФТ

07 май 2026, Панҷшанбе
16
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №АП-862 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16-январи соли 2026, №41 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Душанбе” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе давраи дуюми «Шоҳномахонӣ» доир гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст ва дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа гузаронда мешавад.
Дар робита ба ин, дар МТМУ № 65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 20-25-уми апрели соли 2026 даври дуюми озмуни ноҳиявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардида, дар номинатсияи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун мутахассиси пешбари раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддас Иброҳимзода ва корманди Агентӣ Нуринисо Ҷалилова дар қатори намояндагони зиёда аз 10 вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Хурсандиовар аст, ки дар озмуни мазкур намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Муқаддас Иброҳимзода ҷойи сеюмро сазовор шуда, соҳиби дипломи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва мукофотпулӣ гардид. Ҳамчунин, барои таъмини иштироки кормандон дар озмун ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сипоснома супурда шуд.
Дар як вақт Муқаддас Иброҳимзода ба даври сеюми «Шоҳномахонӣ», ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифт.