Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ИСФАРА. ВАЗЪ ТАҲТИ НАЗОРАТИ МАСЪУЛОН ҚАРОР ДОРАД

08 май 2026, Ҷумъа
19
Корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар шаҳри Исфара бомаром идома доранд.
Тибқи маълумот, шаби 1-уми май дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Исфара, боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон ва қисме аз инфрасохтори шаҳр зарар расидааст.
Бо мақсади дастгирии саривақтии аҳолии осебдида ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ гардида, бо таъсиси комиссияҳо ва ситодҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳамоҳангии комил фаъолият намуда, тадбирҳои заруриро амалӣ карданд.
Ҳамзамон, мардуми шаҳр зуд сарҷамъ шуда, ба мадади ҳамдигар расиданд.
Ин ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигар нишонаи равшани ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҷомеа мебошад. Дар маҳали ҳодисаҳо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагон низ фаъолият доранд.
8-уми май намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ба маҳаллаҳо ва мавзеъҳои зарардида рафта, аз вазъи воқеии минтақаҳои осебдида аз наздик шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид ба мақомоти марбута дастурҳои қатъӣ доданд, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар карда шаванд.
Тавре зикр шуд, назорати доимии минтақаҳои хавфнок бояд дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, аҳолии осебдида бо маводҳои зарурӣ сари вақт таъмин карда шаванд.
Абдураҳмон Ҳалимзод ва Шарифҷон Ҷумъазода зимни мулоқот бо сокинон изҳор доштанд, ки аз лаҳзаҳои аввал вазъ таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои бартарафсозии оқибатҳои офат ва дастгирии аҳолӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Зарардидагон бо арзи сипос аз ёриҳои фаврӣ миннатдорӣ, муҳаббату самимияти хоси худро, пеш аз ҳама, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки осебдидагони офати табиӣ дар ин рӯзҳои сахт ҳеҷ эҳсоси танҳоӣ накарданд.
Чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар рӯзҳои душвор, бозгӯи татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.